РАЁСАТИ ЗАХИРАҲОИ ОБИ МИНТАҚАИ ҲАВЗАИ ПАНҶ

15:32:08

Май    
Чор 31-05-2023

Захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, ин шумора ба 527 млрд кВт.соат/солона баробар мебошад. Бо дарназардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317млрд.кВт соат баробар буда, айни замон танҳо4-5 фоизи он мавриди истифода қарор дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои гидроэнергетикии худ дар ҷаҳон ҷои ҳаштумро баъд аз Хитой, Россия,ИМА, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ва ҷои аввалро дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ишғол менамояд. Энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 95 фоиз аз гидроэнергетика ташкил меёбад.

Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз талаботи имрузаи ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ се маротиба зиёдтар мебошад. Дар ҳоли истифодаи оқилонаи ин захира, метавон минтақаро бо нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намуд. Қисмати асосии захираҳои номбурда дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон ва Зарафшон мутамарказ гардидаанд.

 Захираи гидроэнергетикии дарёи Панҷ.

Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Панҷ ба 122,9 млрд. кВт.соат баробар буда, дар баробари ин захираҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ 82 млрд.кВт соатро ташкил менамояд. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, айни замон 14 қисматҳои марзӣ  барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо мавҷуд мебошанд, ки танҳо яке аз онҳо мавриди истифода қарор дорад.  Дарёи Панҷ яке аз бузургтарин дарёҳои Тоҷикистон бодарозии 921 км, майдони обҷамкунии 114000 кмва бо ҳаҷми ҷараёни об 33,4км2 ба шумор меравад. Давомнокии ин дарё сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷудо менамояд.

Дарёи ПанҷҲаҷми обанборҳо, км3Иқтидори муқарраргардида,МВтИстеҳсолмлрд.кВт.ч/год
НБО Баршор1,253001,6
НБОАндероб0,16503,3
НБО Пиш0,033201,7
НБО Хоруғ0,012501,3
НБО Рушон4,1300014,8
НБО Язғулом0,028504,2
Гранитные ворота ГЭС0,03210010,5
НБО Ширговард0,0410009,7
НБО Хостав0,0412006,1
НБО Даштиҷум10,2400015,6
НБО Ҷумар1,320008,2
НБО Москва0,048803,4
НБО Кончин0,23501,5
Маҷмуи иншооти гидротехникии болооби Амударё15,210004,4
             Ҳамагӣ32,561790086,3

 Захираи гидроэнергетикии дарёи Вахш

Иқтидори гидроэнергетикии дарёи Вахш ба 251,15 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари ин захираҳои аз ҷиҳати техникӣ ва иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ 37 млрд.кВт соатро ташкил менамояд. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда, айни замон 9  мавзеҳои мувофиқ  барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ бо обанборҳо  мавҷуд мебошанд. Айни замон, дар 7-тои он неругоҳҳои барқи обӣ бо иқтидори умумии 4775,05 МВт сохта шудаанд.

НБО-и Роғун, ки агрегати якуми он 16 ноябри соли 2018 ба кор андохта шуд, ҳаштумин НБО дар ин силсила ба шумор меравад.  баъд аз пурра сохта ба истифода додани НБО Роғун иқтидори умумии неругоҳҳои барқи обии ин силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш ба 8375,05 МВт баробар хоҳад буд.

Дарёи Вахш яке аз дарёҳои калонтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дарёчаҳои дигар ва дигар резишгоҳҳое, ки ба ҳавзаи дарёи Вахш ворид мегардад 6276 ададро бо дарозии умумии 17073 км  ташкил мехиҳанд.  Дар ҳавзаи дарёи Вахш садҳо пирях бо масоҳати умумии наздики 5000 ки2 мавҷуд мебошад.  Ҳамчунин, ба ҳавзаи дарёи Вахш 569 кулҳои куҳӣ бо масоҳати умумии 17,37 км2 дохил мегардад.

Дарёи ВахшҲаҷми обанбор  км3Иқтидори мавҷуда,МВтКоркардмлрд.кВт.соат/сол
НБО Роғун13,3360017,0
НБО Шуроб0,0278502,1
НБО Норак10,5300011,2
НБО Бойғозӣ0,0846002,9
НБО Сангтуда-12,76702,5
НБО Сангтуда -20,9322200,665
НБО Сарбанд2400,96
НБО Перепадная29,950,21
НБО- и Марказӣ15,10,114
Ҳамагӣ:27,5439225,0533,649

 Захираи гидроэнергетикии дарёи Зарафшон

Иқтидори гидротехникии дарёи Зарафшон ба 33,94 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 10,55 млрд.кВт.соат -ро ташкил медиҳад.   Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 13 мавзеъҳои мувофиқ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо мавҷуд мебошад. Дарозии дарё 877 км буда, масоҳати умумии ҳаҷми ташакулёбии оби дарё 12,3 ҳазор кмро ташкил менамояд.

Дарёи Мстчоҳ  (резишгоҳи дарёи Зарафшон)Ҳаҷми обанбор, км3Иқтидори мавҷуда, МВтИстеҳсолмлрд. кВт.с/сол
НБО-и Мастчоҳ1,0900,55
НБО-и Риомут0,55750,46
НБО-и Обурдон0,721200,35
НБО-и Дарг0,051300,75
НБО-и Сангистон0,051400,9
НБО-и Похут0,051400,9
Фондарё  (резишгоҳи дарёи Зарафшон)
НБО-и Фондарё3001,8
Ҳамагӣ:2,429955,71
Дарёи ЗарафшонҲаҷми обанбор, км3Иқтидори мавҷуда, МВтИстеҳсолмлрд.кВт.с/сол
НБО Айнӣ0,051600,95
НБО Ёвон0,051200,18
НБО Дупула262001,0
НБО-и Панҷакент 1500,27
НБО-и Панҷакент 2450,25
НБО-и Панҷакент 3650,38
Ҳамагӣ:26,16403,03

 Захираи гидроэнергетикии дарёи Кофарниҳон

Иқтидори гидротехникии дарёи Кофарниҳон ба 37,22 млрд.кВт.соат баробар буда, дар баробари захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 8,7 млрд.кВт.соат -ро ташкил медиҳад. Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 6 мавзеъҳои мувофиқ барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо мавҷуд мебошад.

Дарёи КофарниҳонҲаҷми обанбор, км3Иҷтидори мавҷуда, МВтИстеҳсолмлрд.кВт.с/сол
НБО Вистан2000,6
НБО Сарвоз2500,8
НБО Явроз0,0454001,1
НБО Ромит1,24501,4
Иншооти обиии Багҷигдин0,851500,6
Иншооти обии поёноби Кофарниҳон2,051500,6
Ҳамагӣ:4,14516005,1

 Захираҳоии гидроэнергетикии дарёҳои Сурхоб ва Оби Хингоу

Дарёи Сурхоб ва Обихингоу аз дарёи Вахш сарчашма гирифта, иқтидори энергетикии онҳо 36,32 млрд.кВт.соат муайян гардидааст.   Дар баробари ин захираҳои гидротехникии аз ҷиҳати техникӣ имконпазир ва аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок барои сохтмони неругоҳҳои барқи оби 16,46 млрд.кВт.соат -ро ташкил медиҳад.   Тибқи таҳлилҳои мавҷуда 4 мавзеи мувофик дар ҳавзаи дарёи Сурхоб ва 5 мавзеи мувофик барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Обихингоу мавҷуд мебошад.

Дарёи СурхобҲаҷми обанбор, км3Иқтидори мавҷуда, МВтИстеҳсолмлрд.кВт.ч/год
НБО Ҷалбулак1,46002,0
НБО Сайрон0,015002,2
НБО Горген0,026002,7
НБО Ғарм0,024001,8
Ҳамагӣ:1,4521008,7
Дарёи ОБИ ХИНГОУҲаҷми обанбор, км3Иқтидори мавҷуда, МВтИслеҳсолмлрд.кВт.ч/год
НБО Сангвор1,58002,0
НБО Урфатин0,018502,1
НБО Штиен0,016001,5
НБО Нуробод-10,022001,2
НБО-Нуробод-20,011600,96
Ҳамагӣ:1,5526107,76