РАЁСАТИ ЗАХИРАҲОИ ОБИ МИНТАҚАИ ҲАВЗАИ ПАНҶ

19:31:39

Сентябр    
Ҷум 22-09-2023

Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои об

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳони ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонӣ тавсеа мебахшад.

Сар карда аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асамблеяи генералии СММ  7 қарордод вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки номгӯи зерин аз муҳимтарини онҳо мебошанд:

   Соли байналмилалии оби тоза, 2003Қарори Ассамблеяи СММ аз 20 декабри 2000 года, 55/196, 55‐ум сессия (pdf)
Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015Қарори Асамблеяи Генералии СММ аз  23 декабри 2003 года, 58/217, 58‐ум сессия (pdf)
Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обҚарори Асамблеяи СММ аз 20 декабри соли  2010, 65/154, 65‐ум сессия (pdf)
 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»,2018-2028Қарордоди Асамблеяи Генералии МСС аз 21 декабри соли  2016 , A/RES/71/222, 71‐ум сессия (pdf)

Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани сулҳу субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми арзанда гузоштаанд.

Маълумоти муфассалро вобаста ба ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашриёти зерин бо забони русӣ метавон дастрас намуд.

Глобальные водные инициативы Таджикистана (pdf)

Международное дестиялетие действий “Вода для устойчивого развития”, 2018-2028гг. (pdf)